ҶҚММ“Финансирование торговли” барҳам дода шуд

Апрель 24, 2014 10:03

Душанбе, 24.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, бо қарори навбатии Раёсати бонк аз 23 апрели соли равон бинобар сабаби ба муҳлати зиёда аз як сол фаъолият накардан ва пешниҳод нанамудани ҳисоботи молиявӣ иҷозатномаҳои Ҷамъияти қарздиҳии дорои масъулияти маҳдуди “Финансирование торговли” бозхонд ва дар бораи барҳамдиҳии ҷамъияти мазкур ба суд ариза пешниҳод шуд. Тибқи қарори мазкур иҷозатномаҳои ҷамъияти номбурда бозпас гирифта шуда, номи он аз Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ хориҷ мешавад.

Апрель 24, 2014 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд