Ҷаласаи Қосими Роҳбар ва натиҷаҳои семоҳа
Душанбе, 18.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ маҷлиси ҳайати мушовара «Оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Вазорати кишоварзӣ дар семоҳаи аввали соли 2014 ва вазифаҳои минбаъдаи кормандони соҳа» доир гардид.
Вазири кишоварзӣ Қосим Роҳбар оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти вазорат ва камбудиҳои соҳа дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ сухан гуфта, аз ҷараёни кишту кори баҳории зироатҳои кишоварзӣ, истифодаи техника, рушди соҳаи чорводорӣ ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа, аз сардорони раёсатҳои кишоварзии вилояту ноҳияҳо ва раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат пурсон шуда, ба онҳо барои рафъи камбудиҳои соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорат иттилоъ доданд, дар раванди кори ҷаласа масъалаи «Рафти амалигардонии қисматҳои лоиҳаи инвеститсионии «Беҳдошти сатҳи зиндагӣ дар вилояти Хатлон» ва Муассисаи давлатии лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» мавриди пурсиш ва масъалагузорӣ қарор гирифт.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






