Ҷаласаи ҷамъбастӣ дар ВКД

Апрель 21, 2014 14:10

Душанбе, 21.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Имрӯз дар назди вазири корҳои дохилӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти фаврию  хизматии мақомоти корҳои дохилӣ оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар семоҳаи аввали соли 2014 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2014 ҷаласаи фаврӣ ба кори худ оғоз намуд.
Тавре ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, дар ҷаласаи мазкур роҳбарони Академия, сарраёсат, раёсатҳо, хадамот ва шуъбаҳои мустақили дастгоҳи марказии вазорат, сардорони раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, минтақа ва ноҳияи Рашт, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок доранд.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро гуфт, ки дар ҷаласаи мазкур ҳамаи он камбудиву норасоиҳое, ки дар фаъолияти мақомот тӯли се моҳи аввал ба қайд гирифта шуданд, ҳамаҷониба мавриди таҳлил ва муҳокимаронӣ қарор дода шуда, барои ҳалли онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.  
Манбаъ хабар медиҳад, ки дар айни ҳол кори ҷаласа идома дорад.
 
 
 
 

Апрель 21, 2014 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик