Ҷаласаи ҷамъбастӣ дар ВКД
Душанбе, 21.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Имрӯз дар назди вазири корҳои дохилӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти фаврию хизматии мақомоти корҳои дохилӣ оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар семоҳаи аввали соли 2014 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2014 ҷаласаи фаврӣ ба кори худ оғоз намуд.
Тавре ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, дар ҷаласаи мазкур роҳбарони Академия, сарраёсат, раёсатҳо, хадамот ва шуъбаҳои мустақили дастгоҳи марказии вазорат, сардорони раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, минтақа ва ноҳияи Рашт, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок доранд.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро гуфт, ки дар ҷаласаи мазкур ҳамаи он камбудиву норасоиҳое, ки дар фаъолияти мақомот тӯли се моҳи аввал ба қайд гирифта шуданд, ҳамаҷониба мавриди таҳлил ва муҳокимаронӣ қарор дода шуда, барои ҳалли онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Манбаъ хабар медиҳад, ки дар айни ҳол кори ҷаласа идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






