Ҷаласаи Кумитаи тадорукот дар ҳузури Сарвазир
Душанбе, 09.04.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дирӯз дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода оид ба тадбирҳои дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай амалишаванда ва баргузории ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукот баргузор гардид.
Дар ҷаласа иҷрои нақшаи чорабиниҳои таҳияшуда доир ба давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва баргузории ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои узви ин созмон дар шаҳри Душанбе мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Оид ба иҷрои нақшаи ин чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ аъзои кумитаи тадорукот, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ва дигар шахсони масъул ҳисобот доданд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода доир ба ҷоннок намудани раванди омодагиҳо ба ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин созмони муътабар ба аъзои кумитаи тадорукот ва дигар шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






