Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ
Душанбе, 5.04.2014 (АМИТ «Ховар»).- 4 апрели соли 2014 дар шаҳри Москва ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давдлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов иштирок кард.
Зимни ҷаласа вазирони корҳои хориҷӣ роҷеъ ба доираи васеи ҳамкориҳои мутақобилаи сиёсати байналмилалӣ мубодилаи афкор намуда, оид ба масъалаҳои марбут ба таъмини амният дар минтақа, низоми байналмилалии назорати гардиши маводи нашъаовар, ҳамкориҳои давлатҳои аъзо дар соҳаи рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, оид ба ҳамкориҳои муштараки вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзо, инчунин масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ қарорҳои дахлдор қабул карданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






