Ҷаласаи сайёри ККША СААД дар шаҳри Грозний

Апрель 23, 2014 15:35

Душанбе, 23.04.2014. (АМИТ «Ховар). —  Имрӯз  дар   шаҳри  Грознийи  Ҷумҳурии  Чеченистони  Федератсияи  Русия таҳти  раёсати Муншии Шӯрои амнияти  Федератсияи  Русия  Н.П.Патрушев  ҷаласаи  сайёри  Кумитаи   котибони шӯроҳои  амнияти  давлатҳои  аъзои Созмони Аҳдномаи  Амнияти  Дастаҷамъӣ   баргузор  мегардад.  Дар  ҷаласа Дабири  кулли  СААД  Николай  Бордюжа  дар  бораи  вазъияти минтақаи  масъулияти Созмон ва минтақаҳои  ҳамҳудуд  гузориш  медиҳад. 
Тавре  ки  аз хадамоти  матбуоти  СААД   хабар  доданд, иштирокдорони  ҷаласа  ҷараёни иҷрои  қарорҳои  Шӯрои  амнияти дастаҷамъии Созномаи  Аҳдномаи  Амнияти  Дастаҷамъӣ  дар  давлатҳои  аъзои  созмон —  «Кӯмак ба Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои таҳкими  сарҳади Тоҷикистону  Афғонистон»,  ҳамчунин  фаъолияти  Шӯрои  танзимотии  роҳбарони  мақомоти  салоҳиятдори давлатҳои  аъзои  СААД  аз  рӯи  масоили  мубориза бо муҳоҷирати  ғайриқонуниро   мавриди  муҳокима  қарор  дода, ҳуҷҷатҳои  марбут ба   масоили   самтҳои  рушди  низоми тадбирҳои дастаҷамъии  давлатҳои  аъзои Созмони  Аҳдномаи  Амнияти  Дастаҷамъӣ  дар  вазъияти  фавқулоддаро ба  имзо мерасонанд.

Апрель 23, 2014 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик