Ҷаласаи сайёри ККША СААД дар шаҳри Грозний
Душанбе, 23.04.2014. (АМИТ «Ховар). — Имрӯз дар шаҳри Грознийи Ҷумҳурии Чеченистони Федератсияи Русия таҳти раёсати Муншии Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Н.П.Патрушев ҷаласаи сайёри Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор мегардад. Дар ҷаласа Дабири кулли СААД Николай Бордюжа дар бораи вазъияти минтақаи масъулияти Созмон ва минтақаҳои ҳамҳудуд гузориш медиҳад.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти СААД хабар доданд, иштирокдорони ҷаласа ҷараёни иҷрои қарорҳои Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созномаи Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар давлатҳои аъзои созмон — «Кӯмак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон», ҳамчунин фаъолияти Шӯрои танзимотии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои СААД аз рӯи масоили мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонуниро мавриди муҳокима қарор дода, ҳуҷҷатҳои марбут ба масоили самтҳои рушди низоми тадбирҳои дастаҷамъии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар вазъияти фавқулоддаро ба имзо мерасонанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






