Ҷаласаи ШҲ оид ба пешгирии сӯйиистеъмоли маводи нашъаовар

Апрель 16, 2014 10:09

Душанбе, 16.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). —  15 апрели соли 2014 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ (ШҲ) оид ба пешгирии сӯйиистифодаи маводи нашъаовар баргузор гардид, ки дар кори он муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Чабборӣ, раис, котиб ва аъзои Шӯро, инчунин сафирони кишварҳои хориҷӣ ва роҳбарони 17 ташкилоти байналмиллалӣ иштирок намуданд.
Сардори ситод Фарҳод Саъдуллоев «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба таҳияи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»-ро ба аҳли нишаст муаррифӣ намуд. 
Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров дар мавриди натиҷаҳои вазъи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, нашъамандию нашъаҷалобӣ  ва ҷараёни татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» сухан гуфт.
Дар ҷаласа ҳамчунин гузориши намояндагони Вазорати тандурустӣ, Вазорати фарҳанг, Вазорати маориф, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ , Кумитаи занон ва сардухтури Маркази наркологӣ шунида шуд.
Иштирокчиёни ҷаласа пешниҳод ва тавсияҳои иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба таҳияи бандҳои мутобиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва лоиҳаи протоколи ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозиро муҳокима намуданд.   
Ҷаласаи Шӯро бо вазифагузориҳо ба ҷаласаи навбатӣ ва тасдиқи нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйиистеъмоли маводи нашъаовар дар вилояти Суғд барои соли 2014 ба кори худ анҷом дод.

Апрель 16, 2014 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе