Ҷаласаи ШҲ оид ба пешгирии сӯйиистеъмоли маводи нашъаовар
Душанбе, 16.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 15 апрели соли 2014 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ (ШҲ) оид ба пешгирии сӯйиистифодаи маводи нашъаовар баргузор гардид, ки дар кори он муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Чабборӣ, раис, котиб ва аъзои Шӯро, инчунин сафирони кишварҳои хориҷӣ ва роҳбарони 17 ташкилоти байналмиллалӣ иштирок намуданд.
Сардори ситод Фарҳод Саъдуллоев «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба таҳияи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»-ро ба аҳли нишаст муаррифӣ намуд.
Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров дар мавриди натиҷаҳои вазъи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, нашъамандию нашъаҷалобӣ ва ҷараёни татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» сухан гуфт.
Дар ҷаласа ҳамчунин гузориши намояндагони Вазорати тандурустӣ, Вазорати фарҳанг, Вазорати маориф, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ , Кумитаи занон ва сардухтури Маркази наркологӣ шунида шуд.
Иштирокчиёни ҷаласа пешниҳод ва тавсияҳои иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба таҳияи бандҳои мутобиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва лоиҳаи протоколи ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозиро муҳокима намуданд.
Ҷаласаи Шӯро бо вазифагузориҳо ба ҷаласаи навбатӣ ва тасдиқи нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйиистеъмоли маводи нашъаовар дар вилояти Суғд барои соли 2014 ба кори худ анҷом дод.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






