Ҷаласаи вазирони мудофиаи кишварҳои СҲШ дар Қайроққум

Апрель 2, 2014 11:02

Хуҷанд, 02.04.2014. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад  Шарифзода).-1 апрел дар шимоли кишвар- шаҳри Қайроққум ҷаласаи навбатии вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Он  таҳти роҳбарии вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — лейтенант Шералӣ Мирзо гузашт. Тавре ки намояндаи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ  иттилоъ дод,  дар ҷаласа ҳайатҳои низомии Тоҷикистон, Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон  таҳти роҳбарии вазирони дифои ин кишварҳо Шералӣ Мирзо, Сергей Шойгу, Чан Вансуюан, Адилбек Ҷаксибеков, Таалайбек Омуралиев ва ҳайати низомии Ўзбекистон таҳти роҳбарии муовини аввали вазири дифои ин кишвар Баҳодур Тошматов иштирок карданд.
Дар ҷаласа доир ба рушди  минбаъдаи Созмони ҳамкории Шанхай ва ҷараёни омодагӣ ва баргузории машқҳои муштараки зидди террористӣ, ки таҳти унвони «Рисолати сулҳҷӯёна-2014» дар  Ҷумҳурии Чин ба нақша гирифта шудаанд, мубодилаи афкор сурат гирифта, вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ вазъи кунунии Сурия, Украина ва таъмини субот дар Афғонистонро пас аз хуруҷи неруҳои байналмилалии посдори сулҳ мавриди муҳокима қарор доданд.
Инчунин бо назардошти баровардани неруҳои байналмилалии посдори сулҳи НАТО аз Афғонистон  ва эҳтимолияти номӯътадил гардидани вазъи бехатарӣ дар ҳудуди кишварҳои аъзои СҲШ изҳори нигаронӣ карда шуда, густариши нақшаҳои бисёрҷониба дар самти муносибатҳои низомӣ хеле муҳим арзёбӣ гардид.
 

Апрель 2, 2014 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе