Ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар
Душанбе, 08.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалб ва сафарбар намудани ҷамъияти тоҷикон, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ дар рушди ҷомеа, инчунин ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд ҷиҳати таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи фароҳам овардани заминаҳои мусоид, бунёди эътимод ва таҳияи барномаҳои иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон консепсия ва нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар»-ро қабул кард.
Нақшаи чорабиниҳо аз 43 банд иборат буда, 8 банди он бевосита ба Хадамоти муҳоҷират тааллуқ дорад ва ҷиҳати иҷрои он дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо корҳои муайяне ба анҷом расидаанд.
Бояд зикр кард, ки дар айни замон 82 ташкилоти ҷамъиятӣ, маркази фарҳангӣ, ҷамъияти тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба таври расмӣ дар қаламрави Федератсияи Русия фаъолият доранд ва Хадамоти муҳоҷират ҳамкориҳои судманд ва робитаҳои устуворро бо онҳо ба роҳ мондааст.
Ҳамзамон 2 ташкилоти ҷамъиятӣ дар Украина, 2 ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, 1 ҷамъият ва 7 маркази фарҳангии тоҷикон дар Ҷумҳурии Қазоқистон фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Ҷамъиятҳои тоҷикон дар хориҷа ҳар сол дар ҳамкорӣ бо Намояндагии вазорат чорабиниҳои гуногунро ба анҷом мерасонанд ва соли ҷорӣ низ чунин анъана давом дорад.
Мувофиқи Нақшаи чорабиниҳо ва барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани иди Наврӯз-2014, Намояндагии вазорат дар Федератсияи Русия ситод таъсис дода, дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия, аз ҷумла вилояти Краснодар, минтақаҳои Урал ва Сибир, вилоятҳои Свердловск, Твер, Нижний Новгород, Санкт-Петебург ва Маскав дар якҷоягӣ бо ҷамъияту созмонҳои тоҷикон Наврӯзи Аҷамро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифтанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






