Ҷалби довталабони тоҷик ба донишгоҳҳои Томск
Душанбе, 02.04.2014. (АМИТ “Ховар”,Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).- Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарону кормандон бо гурӯҳи устодону олимони шаш донишгоҳи шаҳри Томски Федератсияи Русия доир гардид. Сарпарастии олимонро Ксенец Александр Степанович -директори Институти илмӣ- таълимии ҳамкориҳо ва рушди Авруосиёии Академияи улуми бахши сибирии Федератсияи Русия ба уҳда дорад. Дар вохӯрӣ, ки бо ташаббуси роҳбарияти марказ доир гардид, намояндагони донишгоҳҳои шаҳри Томски Русия аз омода будани худ дар тарбияи кадрҳои тоҷик дар соҳаҳои гуногун изҳори омодагӣ намуданд. Аз ҷумла, роҳбари ин гурӯҳ Александр Степанович зикр кард, ки ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон гуногунҷабҳа буда, барои ноил гардидан ба ҳадафҳо тайёр кардани мутахассисони баландсифат зарур аст. Барои расидан ба ин мақсади наҷиб донишгоҳҳои шаҳри Томск омода ҳастанд, ки шумораи зиёди довталабони тоҷикро дар риштаю бахшҳои гуногуни илм қабул намуда, тарбия намоянд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ ба масъалаҳои гуногуни вобаста ба таҳсилоти ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои ин шаҳр шинос шуданд. Дар ин бора котиби матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳдӣ Собир хабар дод.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






