Ҷалби довталабони тоҷик ба донишгоҳҳои Томск

Апрель 2, 2014 10:50

    Душанбе, 02.04.2014. (АМИТ “Ховар”,Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).- Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарону кормандон бо гурӯҳи  устодону олимони   шаш донишгоҳи шаҳри  Томски Федератсияи Русия доир гардид. Сарпарастии олимонро  Ксенец  Александр  Степанович -директори  Институти  илмӣ- таълимии ҳамкориҳо ва рушди  Авруосиёии Академияи улуми  бахши сибирии Федератсияи Русия ба уҳда дорад.  Дар вохӯрӣ, ки  бо ташаббуси роҳбарияти марказ доир гардид, намояндагони донишгоҳҳои шаҳри Томски Русия аз омода будани худ дар тарбияи кадрҳои тоҷик дар соҳаҳои гуногун изҳори омодагӣ намуданд. Аз ҷумла,  роҳбари ин гурӯҳ  Александр Степанович зикр кард, ки  ҳамкориҳои  Русияву Тоҷикистон гуногунҷабҳа буда, барои   ноил гардидан ба ҳадафҳо тайёр кардани мутахассисони баландсифат зарур аст. Барои  расидан ба ин мақсади наҷиб донишгоҳҳои шаҳри Томск омода ҳастанд, ки шумораи зиёди довталабони тоҷикро  дар риштаю бахшҳои гуногуни илм  қабул намуда,  тарбия намоянд.
       Иштирокчиёни вохӯрӣ ба масъалаҳои гуногуни вобаста ба таҳсилоти ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои ин шаҳр шинос шуданд. Дар ин бора котиби матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳдӣ Собир хабар дод. 
 

Апрель 2, 2014 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид