Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар

Апрель 18, 2014 14:51

Душанбе, 18.04.2014. (АМИТ «Ховар, Кристина  Эрлих ). – Дар  ҷараёни  ҷаласаи  васеи  раёсати   Вазорати   рушди  иқтисод  ва  савдои  ҶТ,  ки  17  апрел дар  шаҳри  Душанбе баргузор  гардид,  натиҷаи   рушди  иҷтимоию  иқтисодии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон тайи  семсоҳаи  аввали  соли  2014  ва вазифаҳои  соли ҷорӣ  муҳокима  шуданд. 
Дар  ҷаласа  Вазири рушди  иқтисод  ва  савдои  ҶТ,  Шариф  Раҳимзода,  сардорони   ниҳодҳои  сохторӣ,   кормандони  Дастгоҳи  марказӣ,  ҳамчунин  роҳбарони  сохторҳои  зертобеи  вазорат  ширкат  доштанд.  Дар  ҷаласа  ҳамчунин  муовини  сардори   Раёсати  тарҳрезии  стратегӣ ва  ислоҳоти Дастгоҳи  иҷроияи  Президенти  ҶТ Маҷидӣ Юсуф  Хайрулло иштирок  намуд. 
Ҷаласаи васеи  раёсатро  Вазири  рушди  иқтисод  ва  савдои  ҶТ  Шариф  Раҳимзода  ифтитоҳ  намуда, ба  ҳозирон  аз  натиҷаи  рушди иҷтимоию  иқтисодии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  тайи  семоҳаи  аввали  соли  2014  ва  вазифаҳои  соли  ҷорӣ  гузориш  дод. 
Дар  ҷаласа  масоили  марбут ба  таҳлили муфассали  нишондодҳои  макроиқтисодӣ,  афзоиши  маҷмӯи  маҳсулоти  дохилӣ,  сатҳи таваррум, муомилоти чаканаи  мол,  таносуби   содирот  бо  воридот,  ҳамчунин  масъалаҳои  дигари ҷорӣ муҳокима  шуданд.

Апрель 18, 2014 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш