Ҷамъомади фарҳангӣ бо забони фаронсавӣ

Апрель 3, 2014 16:44

 
Душанбе, 03.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно  Нусратуллозода).-Имрӯз бо ширкати ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Абдуҷаббор Раҳмонов, Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон Дидйе Леруа, директори Маркази фарҳангии «Бохтар» Тимоте де Байар, устодону донишҷӯёни факултаи забонҳои романию германӣ, ҳамчунин меҳмонони зиёд аз дигар муассисаҳои фаронсавизабони шаҳри Душанбе ва омӯзгорону толибилмони шуъбаҳои забони фаронсавии дигар макотиби олӣ бахшида ба Рӯзи байналхалқии забони фаронсавӣ, яъне «Франкофония» дар Донишгоҳи омӯзгорӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. 
Тавре ки Бахтиёри Абдураҳим-котиби матбуоти донишкадаи мазкур иттилоъ дод, дар ҳамоиш ректор А.Раҳмонов оид ба мақоми забони фаронсавӣ ва фарҳанги Фаронса дар олам сухан ронда, аз робитаҳои Тоҷикистону Фаронса изҳори қаноатмандӣ кард.
Дар идомаи ҷамъомад сафири Фаронса дар Тоҷикистон Дидйе Леруа аз даъват ва қабули гарми раёсати донишгоҳ изҳори сипос намуда, ба донишҷӯён муваффақият орзу кард.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ донишҷӯёни шуъбаи забони фаронсавии факултаи забонҳои романӣ-германӣ бо забонҳои тоҷикию фаронсавӣ шеърҳо қироат намуданд. 
 
 
 
 

Апрель 3, 2014 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд