Ҷашнвораи байнихалқии «Пулҳои дӯстӣ»

Апрель 21, 2014 11:35

 
Душанбе, 21.04.2014. (АМИТ «Ховар,  Лайло  Тоирӣ). —  Созмони  минтақавии  ҷамъиятии  «Конгресси халқҳои эронзабон» —  и  Нижний  Новгород, ки Тоҷикистон  ба  он  шомил  аст,  дар  ҳошияи  лоиҳаи «Нижний  Новгород —  мулки  ризоият»  дар  Ҷашнвораи  байнихалқии  «Пулҳои  дӯстӣ» иштирок  намуд. Ин  чорабинӣ  рӯзи  ҷумъаи  гузашта  дар  Хонаи  фарҳанги «Роҳи  оҳанчиён» — и  Нижний  Новгород роҳандозӣ  шуд. 
Нигораҳои «Конгресси   халқҳои эронзабон» иборат  аз  намунаҳои  санъати ороишию  амалӣ,  либосҳои  миллӣ  ва  асбобҳои  мусиқии  халқи тоҷик,  ҳамчунин  китобҳои  навтарин  дар  бораи  мероси  фарҳангии мардуми  Тоҷикистон буданд.
Тавре  ки  раиси Созмони  ҷамъиятӣ Эраҷ  Боев ба  АМИТ «Ховар»  хабар дод,  мақсад  аз  ҷашнвораи  «Пулҳои дӯстӣ»   иборат  аз  тамини   ҳамкории  судманди  гурӯҳҳои  мухталифи халқҳои   вилояти  Нижний  Новгород  бо  истифода  аз  имкониятҳои  иттиҳодияҳои  миллии  фарҳангии  минтақа  буд. 
 

Апрель 21, 2014 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад