Ҷашнвораи байнихалқии «Пулҳои дӯстӣ»
Душанбе, 21.04.2014. (АМИТ «Ховар, Лайло Тоирӣ). — Созмони минтақавии ҷамъиятии «Конгресси халқҳои эронзабон» — и Нижний Новгород, ки Тоҷикистон ба он шомил аст, дар ҳошияи лоиҳаи «Нижний Новгород — мулки ризоият» дар Ҷашнвораи байнихалқии «Пулҳои дӯстӣ» иштирок намуд. Ин чорабинӣ рӯзи ҷумъаи гузашта дар Хонаи фарҳанги «Роҳи оҳанчиён» — и Нижний Новгород роҳандозӣ шуд.
Нигораҳои «Конгресси халқҳои эронзабон» иборат аз намунаҳои санъати ороишию амалӣ, либосҳои миллӣ ва асбобҳои мусиқии халқи тоҷик, ҳамчунин китобҳои навтарин дар бораи мероси фарҳангии мардуми Тоҷикистон буданд.
Тавре ки раиси Созмони ҷамъиятӣ Эраҷ Боев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, мақсад аз ҷашнвораи «Пулҳои дӯстӣ» иборат аз тамини ҳамкории судманди гурӯҳҳои мухталифи халқҳои вилояти Нижний Новгород бо истифода аз имкониятҳои иттиҳодияҳои миллии фарҳангии минтақа буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






