15 май – Рӯзи ягонаи футболи оммавӣ
Душанбе, 09.04.2014. (АМИТ «Ховар). — Конфедератсияи футболи Осиё ба ҳамаи иттиҳодияҳои миллиаш хабар дод, ки 15 майи соли ҷорӣ Рӯзи дуюми ягонаи футболи оммавии Конфедератсия баргузор мегардад.
Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, Конфедератсияи футболи Осиё барои рушди футболи оммавӣ саъю кӯшиши зиёдеро ба харҷ медиҳад. Конфедератсия сар аз соли гузашта ҳар сол таҷлили Рӯзи футболи оммавиро роҳандозӣ менамояд, ки мақсад аз он ҷалби таваҷҷӯҳ ба мақоми бузурги соҳаи футбол аст.
Дар маъракаи доир намудани Рӯзи футболи оммавӣ ҳамаи 47 ассотсиатсияи аъзои Конфедератсияи футболи Осиё иштирок менамоянд. Азбаски 15 май ба рӯзи панҷанбе рост меояд, Конфедератсия ба ҳамаи иттиҳодияҳои миллӣ хабар дод, ки онҳо метавонанд Рӯзи футболи оммавиро дар ҳамин рӯз, ё дар рӯзҳои истироҳат ҷашн гиранд.
Хотирнишон месозем, ки Тоҷикистон соли 2014 – ро Соли футболи оммавӣ эълон кардааст. Моҳи гузашта дар шаҳри Душанбе дар саросари ҷумҳурӣ ҷашнвораҳо бахшида ба футболи оммавӣ баргузор шуданд, ки дар онҳо беш аз 250 нафар кӯдакон низ иштирок доштанд. Дар маросими оғози Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон президенти Федератсияи футболи ҷаҳон Йозеф Блаттер ширкат дошт.
«Мо чунин ибтикоротро, аз қабили Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон, бо камоли ифтихор дастгирӣ менамоем, зеро ин чорабинӣ саҳми арзандае ба рушди футбол дар тамоми ҷаҳон ба шумор рафта, ба рушди футболи занона низ таъсири мусбат мерасонад», — гуфт Йозеф Блаттер.








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд






