16 нафар шаҳрвандони ҶТ дар қабулгоҳи махсуси Краснодар

Апрель 29, 2014 11:14

Душанбе, 29.04.2014. (АМИТ «Ховар, Лайло  Тоирӣ). —   То имрӯз  16  нафар   шаҳрвандони  Тоҷикистон  дар  қабулгоҳи  махсуси  кишвари  Краснодар  қарор  доранд.
Бино  ба  хабари  Намояндагии  Хадамоти  муҳоҷирати  ҶТ  дар  ФР,  муҳоҷирони зикршуда  барои  сукунати   ғайриқонунӣ   ва  фаъолияти  меҳнатӣ, ҳамчунин  адами  ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи  шахсият  дастгир  шуда буданд. 
Мувофиқи  суханони  маъмури  қабулгоҳи  махсус  П.Киселёв,  зимни  ҳамкорӣ  бо  хадамоти  консулии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  Русия  ва   Раёсати   Хадамоти федералии  муҳоҷирати  Русия  дар  кишвари  Краснодар   барои  се  нафар  шаҳрвандони  ҶТ  шаҳодатномаҳо дар  бораи  бозгашт ба  ватанашон   гирифта  ва   барои роҳандозии расмият   манзури  мақомоти  судӣ  карда шудаанд. 
Ҳамчунин  ба   6  нафар  шаҳрвандон  ёрии  ҳуқуқӣ  расонида  шудааст. 
Қобили  зикр  аст, ки  баъди  анҷоми  мӯҳлати даҳрӯзаи  ба  мавқеи   иҷро расидани  ҳукми  суд  шаҳрвандони дигари зикршудаи ҶТ ба  ватан  фиристода  мешаванд.

Апрель 29, 2014 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик