16 нафар шаҳрвандони ҶТ дар қабулгоҳи махсуси Краснодар
Душанбе, 29.04.2014. (АМИТ «Ховар, Лайло Тоирӣ). — То имрӯз 16 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қабулгоҳи махсуси кишвари Краснодар қарор доранд.
Бино ба хабари Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР, муҳоҷирони зикршуда барои сукунати ғайриқонунӣ ва фаъолияти меҳнатӣ, ҳамчунин адами ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият дастгир шуда буданд.
Мувофиқи суханони маъмури қабулгоҳи махсус П.Киселёв, зимни ҳамкорӣ бо хадамоти консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия ва Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар кишвари Краснодар барои се нафар шаҳрвандони ҶТ шаҳодатномаҳо дар бораи бозгашт ба ватанашон гирифта ва барои роҳандозии расмият манзури мақомоти судӣ карда шудаанд.
Ҳамчунин ба 6 нафар шаҳрвандон ёрии ҳуқуқӣ расонида шудааст.
Қобили зикр аст, ки баъди анҷоми мӯҳлати даҳрӯзаи ба мавқеи иҷро расидани ҳукми суд шаҳрвандони дигари зикршудаи ҶТ ба ватан фиристода мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






