198 нафар зан дар қайди маркази наркологӣ

Апрель 10, 2014 16:09

Душанбе, 10.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ 9 апрел дар Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистон бо донишҷӯдухтарон ва волидони онҳо вохӯрӣ гузарониданд.Ҳангоми суҳбати ошкоро мутахассисони агентӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла, пешгирии наврасону ҷавонон аз истеъмол ва хариду фурӯши маводи нашъадор, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, задухӯрди гурӯҳҳо, ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ сухан ронданд. Инчунин нисбат ба зарари истеъмоли мухаддирот ба инсон, оқибатҳои ҳуқуқию иҷтимоӣ ва тиббии сӯйистеъмоли маводи нашъадор маълумот доданд.Зикр шуд, ки мутаассифона, баъзан ба истеъмоли маводи нашъаовар ҷавондухтарон ва занон ҷалб мешаванд.Тибқи омори расмии Вазорати тандурустӣ имрӯз 198 нафар зан дар қайди маркази наркологӣ мебошад ва тамоми масъулине, ки дар самти корҳои фаҳмондадиҳӣ фаъолияти беандоза доранд, кӯшиш менамоянд, ки ҳар чӣ бештар бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ, пешгирӣ ва тарғиботи тарзи ҳаёти солим дар тамоми шаҳраку ноҳияҳо оид ба пешгирии масъалаҳои номбурда бо ҷомеа, хусусан бо занон ва ҷавондухтарон суҳбату мулоқот баргузор намоянд.Дар вохӯрӣ намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, шуъбаи кор бо занон ва оила, ҳукуматҳои навоҳии пойтахт иштирок намуданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти АНМН иттилоъ доданд.

Апрель 10, 2014 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад