2,4 баробар афзудани ҷинояткорӣ дар Ваҳдат
Душанбе, 18.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориаш ба шаҳри Ваҳдат, ки 15 апрели соли ҷорӣ сурат гирифт, иброз намуд, ки бо вуҷуди тадбирҳое, ки андешида шудаанд, доир ба тарбияи наврасону ҷавонон ва пешгирӣ кардани қонуншиканӣ дар байни онҳо дар семоҳаи якуми соли 2014 сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону наврасони шаҳри Ваҳдат 2,4 баробар афзудааст. Хусусан ба ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, гаравидани баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва гурӯҳҳои террористӣ боиси ташвишу нигаронии ҷиддӣ мебошад.
Бинобар ин, бори дигар бояд таъкид сохт, ки ба тарбияи насли ҷавон муносибати бисёр ҷиддӣ ва масъулона зоҳир намоянд, чунки ин вазифаи роҳбарону фаъолон, устодону омӯзгорон, падару модарон, зиёиён ва умуман ҳамаи табақаҳои ҷомеа мебошад.
Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат вазифадор аст, ки ҷиҳати татбиқи барномаҳои маҳаллии сиёсати ҷавонон тадбирҳои муассирро амалӣ намояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






