22 апрел — Рӯзи замин

Апрель 21, 2014 15:11

Душанбе, 21.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).  —  Ҳамасола 22-юми апрел ҳамчун Рӯзи замин ҷашн гирифта мешавад. Сарчашмаи таҷлили Рӯзи замин ба солҳои 40-уми асри ХIХ рост меояд. Асосгузори ин рӯз С. Мортон буда, ӯ бо ҳамроҳии оилааш ба штати Небраскаи ИМА барои истиқомати доимӣ меояд ва ба шинонидану сабзонидани дарахтони сояафкан ва мевадиҳанда машғул мешавад.
Ӯ аҳолии муқимиро даъват мекунад, ки онҳо низ ба шинонидани ва сабзонидани дарахтон шуғл варзанд. Мортон ҳеҷ гумон намекард, ки ин қадар одамони бисёр ва хурду калон ба шинонидани дарахтон мебароянд. Ў таклиф кард, ки ин рӯзро рӯзи кабудизоркунии муҳити зист эълон кунанд. Бо ташаббуси Мортон дар як рӯз аҳолии штати Небраска наздик  ба 1 млн. ниҳоли дарахтони гуногунро шинонданд. Ҳамин тавр, Мортон машҳур гардид ва ба муносибати зодрӯзи ӯ 22 апрелро  «Рӯзи дарахт» монданд ва минбаъд аз соли 1970 сар карда, он номи «Рӯзи замин»-ро гирифт. Соли 1990 дар 141 давлати ҷаҳон 500 млн. одамон  ҷашни Рӯзи заминро истиқбол гирифтанд. Дар соли 2000-ум  дар 170 давлати ҷаҳон 500 млн. одамон Рӯзи заминро ботантана гузарониданд.
Замин ҳамчун объекти табиӣ қонунан аз тарафи давлат ҳифзшаванда буда, он новобаста аз хоҳиши инсон вуҷуд дорад ва якчанд вазифаҳоро иҷро мекунад. Вазифаи иҷтимоӣ — ҷой ва муҳити зисти инсон, олами ҳайвонот ва наботот ба шумор меравад. Вазифаи сиёсӣ — ҳудуд, сарҳад ва фазои ҳукмронии давлат аст. Вазифаи иқтисодӣ — манбаи асосии истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, ҷобаҷокунии ҳамаи намуди нақлиёт, саноати сабуку вазнин, корхонаҳои хусусӣ ва давлатӣ ин сохтмону роҳу обанборҳо мебошад. Замин нисбат ба дигар сарватҳои табиӣ ҳангоми истифода фарсуда мешавад. Таркиб ва фоиданокиашро гум мекунад, аз гардиши истеҳсолӣ мебарояд ва дар баробари ин он устувор аст.
 

Апрель 21, 2014 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд