22 апрел — Рӯзи замин
Душанбе, 21.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Ҳамасола 22-юми апрел ҳамчун Рӯзи замин ҷашн гирифта мешавад. Сарчашмаи таҷлили Рӯзи замин ба солҳои 40-уми асри ХIХ рост меояд. Асосгузори ин рӯз С. Мортон буда, ӯ бо ҳамроҳии оилааш ба штати Небраскаи ИМА барои истиқомати доимӣ меояд ва ба шинонидану сабзонидани дарахтони сояафкан ва мевадиҳанда машғул мешавад.
Ӯ аҳолии муқимиро даъват мекунад, ки онҳо низ ба шинонидани ва сабзонидани дарахтон шуғл варзанд. Мортон ҳеҷ гумон намекард, ки ин қадар одамони бисёр ва хурду калон ба шинонидани дарахтон мебароянд. Ў таклиф кард, ки ин рӯзро рӯзи кабудизоркунии муҳити зист эълон кунанд. Бо ташаббуси Мортон дар як рӯз аҳолии штати Небраска наздик ба 1 млн. ниҳоли дарахтони гуногунро шинонданд. Ҳамин тавр, Мортон машҳур гардид ва ба муносибати зодрӯзи ӯ 22 апрелро «Рӯзи дарахт» монданд ва минбаъд аз соли 1970 сар карда, он номи «Рӯзи замин»-ро гирифт. Соли 1990 дар 141 давлати ҷаҳон 500 млн. одамон ҷашни Рӯзи заминро истиқбол гирифтанд. Дар соли 2000-ум дар 170 давлати ҷаҳон 500 млн. одамон Рӯзи заминро ботантана гузарониданд.
Замин ҳамчун объекти табиӣ қонунан аз тарафи давлат ҳифзшаванда буда, он новобаста аз хоҳиши инсон вуҷуд дорад ва якчанд вазифаҳоро иҷро мекунад. Вазифаи иҷтимоӣ — ҷой ва муҳити зисти инсон, олами ҳайвонот ва наботот ба шумор меравад. Вазифаи сиёсӣ — ҳудуд, сарҳад ва фазои ҳукмронии давлат аст. Вазифаи иқтисодӣ — манбаи асосии истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, ҷобаҷокунии ҳамаи намуди нақлиёт, саноати сабуку вазнин, корхонаҳои хусусӣ ва давлатӣ ин сохтмону роҳу обанборҳо мебошад. Замин нисбат ба дигар сарватҳои табиӣ ҳангоми истифода фарсуда мешавад. Таркиб ва фоиданокиашро гум мекунад, аз гардиши истеҳсолӣ мебарояд ва дар баробари ин он устувор аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






