26 апрел- Рўзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ

Апрель 25, 2014 17:43

Душанбе, 25.04.2014 (АМИТ «Ховар»).-  25 апрели соли 2014 дар  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ баргузор гардид.  Дар он намояндагони вазорату  идораҳо, бахши хусусӣ, намояндагони  патентӣ, ихтироъкорон, навоварон, олимон  ва мутахассисони соҳаҳои гуногун ширкат намуданд.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода гуфт, ки: «Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон яке аз самтҳои сиёсати  рушд ва тараққӣ додани иқтисодиёти кишварро ба соҳаи моликияти зеҳнӣ равона намуда, дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ихтироъкорон, навоварон ва дигар шахсони эҷодкорро дар қаламрави кишвар ва берун аз он таъмин менамояд.  Сол аз сол дар ҷумҳурӣ сафи ихтироъкорону навоварон зиёд мегардад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар корхонаву муассисаҳо, марказҳои илмию эҷодӣ, мактабҳои олии кишвар фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ ривоҷу равнақ гирифта истодааст. Моликияти зеҳнӣ- ин воситаи пуриқтидори рушди иқтисоди кишвар ба ҳисоб меравад». 
Ҳар сол дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти зеҳнӣ семинару конфронс ва озмунҳо гузаронида мешаванд, ки мақсад аз онҳо дар қаламрави кишвар ва берун аз он тарғиби соҳаи моликияти зеҳнӣ, дастгирии ихтироъкорону навоварон барои рушди ҷомеа ва саҳми арзандаи худро гузоштан дар иқтисоди кишвар мебошад. 
Дар ду сол як маротиба дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешавад ва ба ғолибон ифтихорномаҳо, дипломҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва медалҳои тиллоии Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СҶМЗ), Медали тиллоии Идораи патентии Авруосиё ба номи Блинников  супорида мешавад.  
 
 

Апрель 25, 2014 17:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик