26 апрел- Рўзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ
Душанбе, 25.04.2014 (АМИТ «Ховар»).- 25 апрели соли 2014 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ, намояндагони патентӣ, ихтироъкорон, навоварон, олимон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун ширкат намуданд.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода гуфт, ки: «Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон яке аз самтҳои сиёсати рушд ва тараққӣ додани иқтисодиёти кишварро ба соҳаи моликияти зеҳнӣ равона намуда, дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ихтироъкорон, навоварон ва дигар шахсони эҷодкорро дар қаламрави кишвар ва берун аз он таъмин менамояд. Сол аз сол дар ҷумҳурӣ сафи ихтироъкорону навоварон зиёд мегардад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар корхонаву муассисаҳо, марказҳои илмию эҷодӣ, мактабҳои олии кишвар фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ ривоҷу равнақ гирифта истодааст. Моликияти зеҳнӣ- ин воситаи пуриқтидори рушди иқтисоди кишвар ба ҳисоб меравад».
Ҳар сол дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти зеҳнӣ семинару конфронс ва озмунҳо гузаронида мешаванд, ки мақсад аз онҳо дар қаламрави кишвар ва берун аз он тарғиби соҳаи моликияти зеҳнӣ, дастгирии ихтироъкорону навоварон барои рушди ҷомеа ва саҳми арзандаи худро гузоштан дар иқтисоди кишвар мебошад.
Дар ду сол як маротиба дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешавад ва ба ғолибон ифтихорномаҳо, дипломҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва медалҳои тиллоии Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СҶМЗ), Медали тиллоии Идораи патентии Авруосиё ба номи Блинников супорида мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






