32 маротиба афзудани муроҷиат ба ХМ

Апрель 17, 2014 11:04

 Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Агар дар давоми соли 2013 ба Бахши қабул ва маслиҳатдиҳии Хадамоти муҳоҷират  (ХМ) 825 нафар муроҷиат карда бошад, пас дар се моҳи аввали соли ҷорӣ шумораи муроҷиаткунандагон  26 ҳазору 900 нафарро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 маротиба зиёд мебошад. 
Аз ин шумора  24 ҳазору 257 нафар шифоҳӣ,  92 нафар хаттӣ, ва  2 ҳазору 551 нафар аз тариқи телефони боварӣ муроҷиат кардааст.  
Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи хадамоти мазкур дар давраи ҳисоботӣ ҳангоми санҷиш ошкор гардид, ки барои 1 ҳазору 343 нафар шаҳрванди кишвар ворид гардидан ба Федератсияи Русия манъ шудааст. 
Илова бар ин Хадамоти муҳоҷират дар рўзҳои наздик оид ба тағйиру иловаҳо ба қонунгузории нави Русия дар моҳи январи соли 2014 буклетҳоро таҳти унвони «Навовариҳо дар қонунгузории  Федератсияи Русия» ва «Нововведения в миграционном законодательстве Российской Федерации», ки аз 1 январи соли 2014 мавриди амал қарор дода шудаанд, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо теъдоди 100 000 адад чоп намуда, байни муҳоҷирони меҳнатӣ  тақсим менамояд.
 
 
 

Апрель 17, 2014 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад