40 000 $ барои баргузории ниммарафон
Душанбе, 8.04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Шаҳрдории Душанбе барои ғолиби зинаи якуми V-умин ниммарафони байналмилалии Душанбе, ки 19 апрел дар Рӯзи пойтахт гузаронида мешавад, 3500 $ мукофот муайян кардааст. Дар асоси қарори шаҳрдории Душанбе Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани ин чорабинии варзишӣ 202 000 сомонӣ, муодил ба зиёда аз 40 000 $ ҷудо намояд. Ниммарафон байни калонсолон дар масофаи 21 километру 97 метр гузаронида мешавад. Хатти оғози ниммарафон маҳалли назди «Наврӯзгоҳ» буда, баъдан варзишгарон то дидбонгоҳи БДА «Чорбоғ» ҳаракат менамоянд. Ин чорабинии варзишӣ дар майдони «Дӯстӣ»-и назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ анҷом меёбад.
Иштирокдорони зинаҳои дуюми ниммарафон бо 3 000 $, сеюм 2,500 $, чорум 2000 $, панҷум 1800 $ ва ғолибони зинаи шашум 1500 $ cарфароз гардонида мешаванд. Дар соатҳои баргузории V-умин ниммарафони байналмиллалии Душанбе ҳаракати нақлиёт дар хиёбонҳои Рӯдакӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва кӯчаи Карамов қатъ гардонида мешавад. Соли равон ниммарафони байналмилалии Душанбе дар рӯйхати мусобиқоти дави ҷаҳонӣ шомил карда шудааст. Интизор меравад, ки дар чорабинии байналмилалии варзишӣ аз кишварҳои Африқову Аврупо ва ИДМ варзишгарон иштирок намоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






