644 оила ихтиёрӣ кӯчонида мешавад
Душанбе, 16.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар семоҳаи аввали соли 2014 корҳо дар самти муҳоҷирати дохилӣ вусъат мегиранд.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 дар ҷумҳурӣ 644 оила ихтиёрӣ кӯчонида шавад, аз ҷумла дар ВМКБ 20 оила, дар вилояти Хатлон — 256 оила, вилояти — Суғд 146 оила ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 222 — оила.
Тибқи маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар муҳлатҳои муайяншуда тибқи нақша рӯйхати аниқшудаи муҳоҷиронро барои маблағгузорӣ ва кӯчонидани онҳо дар давоми соли 2014 пешниҳод карданд. Рӯйхати таҳияшуда аз ҷониби вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 январи соли равон тасдиқ шуд.
Тибқи маълумоти фаврии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои қабулкунандаи муҳоҷирон дар айни замон кор дар самти қабули қарори замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматии муҳоҷирон мавриди баррасӣ қарор дошта, дар як қисм ноҳияҳо аллакай қарори замин тасдиқ шудааст.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






