644 оила ихтиёрӣ кӯчонида мешавад

Апрель 16, 2014 09:22

Душанбе, 16.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар семоҳаи аввали соли 2014 корҳо дар самти муҳоҷирати дохилӣ вусъат мегиранд.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 дар ҷумҳурӣ 644 оила ихтиёрӣ кӯчонида шавад, аз ҷумла дар ВМКБ 20 оила, дар вилояти Хатлон — 256 оила, вилояти — Суғд 146 оила ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 222 — оила.
Тибқи маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар муҳлатҳои муайяншуда тибқи нақша рӯйхати аниқшудаи муҳоҷиронро барои маблағгузорӣ ва кӯчонидани онҳо дар давоми соли 2014 пешниҳод карданд. Рӯйхати таҳияшуда аз ҷониби вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 январи соли равон тасдиқ  шуд.
Тибқи маълумоти фаврии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои қабулкунандаи муҳоҷирон дар айни замон кор дар самти қабули қарори замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматии муҳоҷирон мавриди баррасӣ қарор дошта, дар як қисм ноҳияҳо аллакай қарори замин тасдиқ  шудааст.
 
 
 

Апрель 16, 2014 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад