А. Қодирӣ: Ба тухмии зироатҳо эътибори махсус бояд дод
Хуҷанд, 02.04.2014. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Дар толори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд бо иштироки ҷонишинони раисони шаҳру навоҳӣ, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон, раисони ҷамоатҳо ва хоҷагиҳои пахтакори вилоят машварати корӣ баргузор гардид. Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар оғози машварат гуфт, кидар айни ҳол дар вилоят раванди ислоҳоти замин идома дорад ва дар натиҷаи таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ 19 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ таъсис дода шуда, ба саҳмдорони ин хоҷагиҳои навтаъсис сертифакати ҳуқуқи истифодабарии замин ба таври ройгон дастарас карда шудааст.
Инчунин зикр гардид, ки дар натиҷаи ислоҳот 24 ҳазор хоҷагиҳои оилавию инфиродӣ ташкил мешавад, ки дар натиҷа 200 ҳазор нафар саҳмдор соҳиби замин мегардад. Таъкид гардид, ки то 28 март 1 ҳазору 735 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ соҳиби саҳми худ гардидаанд ва ба корҳои кишоварзӣ машғул ҳастанд.
Дар машварат инчунин мутахассисони Хатлонзамин дар такя бо таҷрибаи хеш дар бораи ҳосилнокии баланди пунбадонаи тухмии давлатҳои хориҷи дур изҳори назар намуданд. Сироҷиддин Ёров, ҷонишини раиси хоҷагии «Ёрӣ»-и ноҳияи Бохтар зикр намуд, ки бо истифода аз пунбадонаи тухмии давлатҳои хориҷи дур метавон то 50 сентнерӣ ҳосил рӯёнид.
Дар охири машварат раиси вилоят таваҷҷуҳи масъулинро ба интихоби дурусти тухмии зироатҳои киштшаванда ҷалб намуда, таъкид намуд, ки хоҷагиҳои пахтакори вилоятро зарур аст то 15 апрел киштро ба анҷом расонанд.
Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчунин ба масъулин супориш дод, ки барои таъсиси марказҳои техникӣ, мағозаҳои қисмҳои эҳтиётӣ, сӯзишворӣ ва тухмии зироатҳо дар ҷамоатҳо чораҳои амалӣ андешанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






