А. Азизӣ: Пешниҳоди Сарвари Давлатро мо дастгирӣ менамоем

Апрель 30, 2014 16:38

Душанбе, 30.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). —  Ҳамчун иштирокчӣ дар Кохи Ваҳдати пойтахт баъд аз шунидани Паём дар суҳбат бо хабарнигорон раиси ноҳияи Ашт Азимбой Азизӣ андешаҳояшро чунин иброз намуд:- «Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишварамон ( 23.04.2014) ва андеша рондан дар бобати муҳтавои он воқеан боварӣ ва эътиқоди ҳар як шаҳрванди кишварро ба ояндаи ободи Тоҷикистон, сиёсати дохилӣ ва хориҷии оқилона ва дурбинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам қавитар мегардонад ва ӯро беихтиёр аз дастовардҳои давлати навини Тоҷикистон дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ эҳсоси ифтихормандӣ фаро мегирад. 
Чуноне Сарвари давлат дар Паём зикр кард, мо бояд шукр кунем, ки сулҳу субот, ваҳдату ягонагии мардум, меҳнати бунёдкорона дар диёрамон ҳукмрон аст ва туфайли он ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишварамон босуръат тараққӣ доранд, сатҳи зиндагии мардум сол то сол беҳтар мегардад. Имрӯз Тоҷикистонро дар олам ҳамчун давлати сулҳдӯсту соҳибфарҳанг шинохтанд ва қадр мекунанд.
Дар Паём зикр шуд, ки ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, ҳимояи амният ва манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини суботу оромии ҷомеа, таъмини рушди иқтисодии кишвар, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шароити вусъат пайдо кардани бархурди қудратҳои ҷаҳонӣ вазифаи муҳимтарини ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли пурраи ҳадафҳои стратегии давлат: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад кард.
Маълум аст, ки дар бобати ноил гаштан ба ин ҳадафҳо дар мамлакат бунёдкориҳои зиёди ҳақиқатан таърихӣ доир шуданд, ки туфайли онҳо пешрафти бомароми иқтисодиёти кишвар, соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишварамон таъмин гашт. Боварии комил дорам, дар солҳои наздиктарин баъд аз ба истифода додани НБО «Роғун» суръати пешрафти иқтисодиёти кишварамон боз ҳам беҳтар гашта, сатҳи зиндагии мардум болотар хоҳад рафт.
Президенти кишвар дар Паёми худ иброз намуд, ки амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат имкон медиҳад, ки то соли 2020 (яъне 7 соли оянда) иқтисодиёти кишвар то ду баробар афзоиш ёфта, маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ камаш 1,5 баробар зиёд хоҳад шуд, сатҳи камбизоатӣ то 20 фоиз коҳиш хоҳад ёфт.
Дар 7 соли оянда ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ 70 млрд. сомонӣ равона мешавад. Дар ин муддат барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишварамон сафарбарсозии 35 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар Паёми Сарвари давлат вазифаҳои навбатии сохторҳои ҳукуматӣ аз поён то боло дар бобати таъмини бомароми рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷигии халқи мамлакат аниқ муайян шуда, роҳу усулҳои ноил гаштан ба онҳо баён  шудаанд.
Аз ҷумла, ба рушди соҳибкорӣ, махсусан, дастгирии соҳибкороне, ки коргоҳҳои истеҳсолӣ бунёд намуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис медиҳанд, диққати зиёд зоҳир    мешавад. Аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод шуд, ки солҳои 2014-2020 давраи дастгирии соҳибкорони истеҳсолӣ ва рушди саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ эълон карда шавад. Ин пешниҳоди дурбинонаи Сарвари давлатро мо дастгирӣ менамоем ва барои татбиқи амалии он пайваста тадбирҳои амалӣ хоҳем андешид.
Дар бобати тадриҷан аз мамлакати аграрӣ-саноатӣ ба мамлакати саноатӣ-аграрӣ табдил додани кишварамон сухан ронда шуд. Дар бобати тадбирҳои доимӣ андешидан дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои хурду калони коркарди маҳсулоти истеҳсоли худӣ, тибқи талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ, эҳё ва инкишофи ҳунарҳои миллӣ ва дигар самтҳои хоҷагии халқ пешниҳоду вазифагузориҳо  шуданд.
Боварӣ дорам, ҳар яки сокини бонангу номуси давлатамон дар иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Сарвари Давлат бармеоянд ва иҷрои барномаҳои давлатӣ саҳмгузорӣ намуда, ҷашни 20-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарбаландона пешвоз хоҳанд гирифт.

Апрель 30, 2014 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Коршиносони Маркази тадқиқоти стратегӣ дар конфронси байналмилалӣ доир ба рушд ва ҳамкории Чин ва Тоҷикистон иштирок намуданд
Дар ЭКСПО-и фарҳангии шаҳри Лондон гӯшаи фарҳанги миллӣ ва намоиши либосҳои тоҷикӣ ташкил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе доир ба нақши оила дар рушди сармояи инсонӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
АЗ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИФТИХОР ДОРЕМ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
«МегаФон Тоҷикистон» интернет туҳфа менамояд
Ҳилоли Аҳмари Эрон дар бораи марги президент ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ дод
Изҳороти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Яке аз чархболҳои корвон бо ҳузури Президенти Эрон фуруди сахт анҷом дод
«МАОРИФ-АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН». Таҳти чунин унвон китоби нав нашр гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад