Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар минтақаҳои озод
Душанбе, 24.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Яке аз роҳҳои муҳими таъмин намудани рушди устувори иқтисоди кишвар истифода аз имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошад,-таъкид намуд Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 апрели соли ҷорӣ.Фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ду соли охир нишон дод, ки таваҷҷуҳи сармоягузорон ба онҳо пайваста зиёд мешавад.Тавре ки Сарвари кишвар афзуд, танҳо соли 2013 дар ин минтақаҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 41 миллион сомонӣ расида, нисбат ба соли 2012-ум 2,4 баробар афзоиш ёфтааст ва миқдори ҷойҳои корӣ 80 фоиз зиёд шудааст. Соли ҷорӣ дар минтақаҳои мазкур сохтмони корхонаҳои коркарди нафт, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, аз ҷумла семент ва молу маҳсулоти дигар дар назар аст.Бинобар ин, Ҳукуматро зарур аст, ки доир ба ҷалби сармоягузорон ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва муҳайё намудани шароити мусоиди инфрасохторӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






