Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ

Апрель 17, 2014 16:32

Душанбе, 17.04.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Аз рўи маълумоти оморӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар  ҷумҳурӣ  дар семоҳаи аввали ҷорӣ  2 млрд. 70,8 млн. сомониро ташкил дода, суръати афзоиш дар миқёси кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба 103,6% баробар шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 72,8 млн. сомонӣ зиёд аст. 
Тавре ки дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав хабар доданд, дар давоми семоҳаи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби корхонаҳои азим (ҶДММ “Ширкати кўҳи саноатии Тоҷикистону Хитой”, ҶММ «Заршўи Одина”, ҶММ КМ ТТ “Офарин алюминиум”, ҶММ “Тоҷикмебел”, ҶСК “Сементи Тоҷик”, ҶММ “Хуаксин Ғайюр Семент”, ҶММ “Капитал” дар маҷмўъ ба маблағи умумии 289,6 млн. сомонӣ ва ё 13,8%-и ҳаҷми маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ  зиёд шудааст. 
Ба иттилои манбаъ, дар саноати истихроҷ дар моҳҳои январ-марти соли 2014 ба маблағи 232,2 млн. сомонӣ (11,2%-и маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ, афзоиш 40,2 млн.сомонӣ) ва дар саноати коркард ба маблағи 1257,8 млн.сомонӣ (60,7%-и маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ, афзоиш 40,1 млн. сомонӣ) маҳсулот истеҳсол гардидааст. 
Гуфта мешавад, ки дар соҳаи истеҳсолу тақсими қувваи барқ, газ ва об ба маблағи 580,8 млн. сомонӣ ё 28,1%-и маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ истеҳсол гардида, камшавии ҳаҷми истеҳсол  7,6 млн. сомониро ташкил додааст.
Корхонаҳои низоми Вазорати саноат ба маблағи 531 млн.сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, суръати афзоишро 135,5% (139,1 млн.сомонї) зиёд карданд. 
 
 
 
 

Апрель 17, 2014 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик