Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ
Душанбе, 17.04.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Аз рўи маълумоти оморӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали ҷорӣ 2 млрд. 70,8 млн. сомониро ташкил дода, суръати афзоиш дар миқёси кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба 103,6% баробар шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 72,8 млн. сомонӣ зиёд аст.
Тавре ки дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав хабар доданд, дар давоми семоҳаи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби корхонаҳои азим (ҶДММ “Ширкати кўҳи саноатии Тоҷикистону Хитой”, ҶММ «Заршўи Одина”, ҶММ КМ ТТ “Офарин алюминиум”, ҶММ “Тоҷикмебел”, ҶСК “Сементи Тоҷик”, ҶММ “Хуаксин Ғайюр Семент”, ҶММ “Капитал” дар маҷмўъ ба маблағи умумии 289,6 млн. сомонӣ ва ё 13,8%-и ҳаҷми маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ зиёд шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар саноати истихроҷ дар моҳҳои январ-марти соли 2014 ба маблағи 232,2 млн. сомонӣ (11,2%-и маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ, афзоиш 40,2 млн.сомонӣ) ва дар саноати коркард ба маблағи 1257,8 млн.сомонӣ (60,7%-и маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ, афзоиш 40,1 млн. сомонӣ) маҳсулот истеҳсол гардидааст.
Гуфта мешавад, ки дар соҳаи истеҳсолу тақсими қувваи барқ, газ ва об ба маблағи 580,8 млн. сомонӣ ё 28,1%-и маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ истеҳсол гардида, камшавии ҳаҷми истеҳсол 7,6 млн. сомониро ташкил додааст.
Корхонаҳои низоми Вазорати саноат ба маблағи 531 млн.сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, суръати афзоишро 135,5% (139,1 млн.сомонї) зиёд карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






