Афзоиши ҷинояткорӣ миёни қаблан судшудагон

Апрель 7, 2014 15:45

Душанбе, 07.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дар соли гузашта барои содир намудани ҷиноятҳои умумӣ 9 ҳазору 162 нафар, аз ҷумла як ҳазору 49 нафар барои содир намудани ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор маҳкум шудаанд. Ин нишондод дар солҳои охир аз тамоюли ҷиноят дар кишвар дарак медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ иттилоъ доданд. 
Тибқи маълумоти манбаъ, 3 соли охир (2010-2013) шумораи умумии ашхоси маҳкумшуда то 22,3% афзоиш ёфта, барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ — ба 9,8% расидааст. Ҳамзамон ҳиссаи шахсоне, ки барои ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир маҳкум шудаанд,  дар маҷмӯъ аз 12,7% то 11,4% коҳиш ёфтааст.
Қисми бештари ҳукмҳое, ки аз ҷониби судҳои ҶТ бо моддаи 200 КҶ ҶТ нисбат ба шахсоне, ки ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддирро содир намудаанд, бароварда мешаванд, дар ин муддат аз 68-75% тағйир ёфтааст.
Зикр шудааст, ки соли 2009 агар 57 зан бо ин гуна ҷиноят маҳкум шуда бошад, дар соли 2013 — 36 зан маҳкум гардидааст.   
— «Солҳои охир теъдоди шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир маҳкум шудаанд,  аз ҷониби қаблан судшудагон он қадар тағйир наёфтааст, баръакс сол то сол шумораи он зиёд шудааст. Масалан, дар муқоиса бо солҳои 2011-2012  47% коҳиш ёфта бошад, дар солҳои 2012-2013 ба 156,8%  зиёд шудааст»,- оварда шудааст дар  сарчашма.  
 

Апрель 7, 2014 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд