Афзоиши ҷинояткорӣ миёни қаблан судшудагон
Душанбе, 07.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дар соли гузашта барои содир намудани ҷиноятҳои умумӣ 9 ҳазору 162 нафар, аз ҷумла як ҳазору 49 нафар барои содир намудани ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор маҳкум шудаанд. Ин нишондод дар солҳои охир аз тамоюли ҷиноят дар кишвар дарак медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ иттилоъ доданд.
Тибқи маълумоти манбаъ, 3 соли охир (2010-2013) шумораи умумии ашхоси маҳкумшуда то 22,3% афзоиш ёфта, барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ — ба 9,8% расидааст. Ҳамзамон ҳиссаи шахсоне, ки барои ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир маҳкум шудаанд, дар маҷмӯъ аз 12,7% то 11,4% коҳиш ёфтааст.
Қисми бештари ҳукмҳое, ки аз ҷониби судҳои ҶТ бо моддаи 200 КҶ ҶТ нисбат ба шахсоне, ки ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддирро содир намудаанд, бароварда мешаванд, дар ин муддат аз 68-75% тағйир ёфтааст.
Зикр шудааст, ки соли 2009 агар 57 зан бо ин гуна ҷиноят маҳкум шуда бошад, дар соли 2013 — 36 зан маҳкум гардидааст.
— «Солҳои охир теъдоди шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир маҳкум шудаанд, аз ҷониби қаблан судшудагон он қадар тағйир наёфтааст, баръакс сол то сол шумораи он зиёд шудааст. Масалан, дар муқоиса бо солҳои 2011-2012 47% коҳиш ёфта бошад, дар солҳои 2012-2013 ба 156,8% зиёд шудааст»,- оварда шудааст дар сарчашма.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






