Академияи полиси Туркия довталабонро қабул менамояд

Апрель 30, 2014 16:36

Душанбе, 30.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). —  Дар асоси шартномаи байни вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия, факултети илм ва бехатарии Академияи полиси Туркия довталабонро барои таҳсил қабул менамояд. Ҳуҷҷатҳо то санаи 20-уми июни соли 2014 қабул карда мешавад. Шарту шароитҳои таҳсил дар Академияи полиси  Туркия ин донистани забони туркӣ ва англисӣ (ҳатмӣ), мувофиқ будани довталабҳо ба шартҳои қабул, вазъи дурусти саломатӣ, корҳои шахсии довталабон бо забонҳои тоҷикӣ-туркӣ дар шуъбаи корҳои дохилии ҷои истиқомат ба расмият даровардан,  нусхаи шиноснома (хориҷӣ), 2 дона расми ҳаҷмаш ба сурати шиноснома баробар, маълумотнома аз ҷои истиқомат, аттестат ё маълумотнома оид ба хатми мактаби таҳсилоти умумӣ, деклоратсия бо имзои худи довталаб, ки аъзои ягон ҳизби сиёсӣ набошад, маълумотномае, ки довталаб ба ҷазои ҷиноятӣ кашида нашудааст, иборат мебошад.
 Ҷараёни таълими довталабон бо донишҷӯёни туркӣ ҷараён мегирад. Комиссияи тиббӣ ва қабули имтиҳонҳо дар Ҷумҳурии Туркия гузаронда мешавад.
Бақайдгирии довталабони ҷумҳурӣ дар сафоратхонаи Ҷумҳурии Туркия то 4-уми августи соли 2014 дар назар дошта шудааст. Довталабони тоҷик барои гузаштани муоинаи тиббӣ ва имтиҳонҳои қабул бояд на дертар аз 25-уми август дар Академияи полиси  Ҷумҳурии Туркия ҳозир бошанд.
Телефонҳо барои маълумоти иловагӣ:  227-61-94, 227 -65 -96

Апрель 30, 2014 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик