Анҷоми ҷаласаи 40-уми АБ ИДМ

Апрель 18, 2014 14:53

  Душанбе, 18.04. 2014(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Имрӯз дар шаҳри соҳили Нева- Санкт-Петербург ҷаласаи пленарии 40-уми Ассамблеяи  байнипарлумонии /АБ/ кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/  баргузор гардид.     
             Иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои марбут ба ҷамъбасти иҷрои барномаҳои байнидавлатии ҳамкории давлатҳои ИДМ дар соҳаи амният барои солҳои 2011-2013 ва иҷрои вазифаҳои барномаҳои дахлдор барои солҳои 2014-2018,  дар бораи асосҳои қонунгузории консепсияи рушди устувор ва бехатарии давлатҳои аъзои АБ ИДМ дар соҳаи маориф ва илм, қонунҳои моделӣ «Дар бораи такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ», «Дар бораи истеҳсолоти аграрии экологӣ», «Дар бораи истифодабарии оқилона ва ҳифзи обҳои (объектҳои обӣ) фаромарзӣ»-ро баррасӣ намуданд. Доир ба ин масъалаҳо роҳбарону намояндагони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои аъзои АБ ИДМ сухан гуфта, роҷеъ ба ҳалли онҳо пешниҳодҳои ҷолиб ироа сохтанд. 
             Зикр гардид, ки АБ ИДМ дар  тӯли фаъолияташ собит намуд, ки мавҷудияти он барои таҳкими ҳамкориҳои устувору  самарабахши ИДМ  муҳим аст. Ҳамзамон дар ҷаласа муовини раиси комиссияи доимии АБ ИДМ,  намояндаи Парлумони Тоҷикистон  Убайдулло Давлатов дар бораи тавсияҳо оид ба такмили конунгузорӣ «Дар хусуси интихоботи сарони давлатҳо дар кишварҳои ИДМ»  ва  оид ба асосҳои умумии ташкил ва гузаронидани интихобот, раъйпурсӣ ва овоздиҳии мунисипалӣ (маҳаллӣ)» гузориш дод.  
             Баъди анҷоми ҷаласаи 40-уми АБ ИДМ роҳбарони ҳайатҳои  парлумонҳои ИДМ зимни як нишасти  матбуотӣ бо иштироки доираи васеи хабарнигорони дохилию хориҷии  Русия аз натиҷаи ҷаласаи 40-уми  АБ ИДМ гузориш дода, ба саволҳои сершумори хабарнигорон посух гуфтанд. 

Апрель 18, 2014 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст