Анҷоми ҷаласаи 40-уми АБ ИДМ
Душанбе, 18.04. 2014(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Имрӯз дар шаҳри соҳили Нева- Санкт-Петербург ҷаласаи пленарии 40-уми Ассамблеяи байнипарлумонии /АБ/ кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ баргузор гардид.
Иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои марбут ба ҷамъбасти иҷрои барномаҳои байнидавлатии ҳамкории давлатҳои ИДМ дар соҳаи амният барои солҳои 2011-2013 ва иҷрои вазифаҳои барномаҳои дахлдор барои солҳои 2014-2018, дар бораи асосҳои қонунгузории консепсияи рушди устувор ва бехатарии давлатҳои аъзои АБ ИДМ дар соҳаи маориф ва илм, қонунҳои моделӣ «Дар бораи такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ», «Дар бораи истеҳсолоти аграрии экологӣ», «Дар бораи истифодабарии оқилона ва ҳифзи обҳои (объектҳои обӣ) фаромарзӣ»-ро баррасӣ намуданд. Доир ба ин масъалаҳо роҳбарону намояндагони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои аъзои АБ ИДМ сухан гуфта, роҷеъ ба ҳалли онҳо пешниҳодҳои ҷолиб ироа сохтанд.
Зикр гардид, ки АБ ИДМ дар тӯли фаъолияташ собит намуд, ки мавҷудияти он барои таҳкими ҳамкориҳои устувору самарабахши ИДМ муҳим аст. Ҳамзамон дар ҷаласа муовини раиси комиссияи доимии АБ ИДМ, намояндаи Парлумони Тоҷикистон Убайдулло Давлатов дар бораи тавсияҳо оид ба такмили конунгузорӣ «Дар хусуси интихоботи сарони давлатҳо дар кишварҳои ИДМ» ва оид ба асосҳои умумии ташкил ва гузаронидани интихобот, раъйпурсӣ ва овоздиҳии мунисипалӣ (маҳаллӣ)» гузориш дод.
Баъди анҷоми ҷаласаи 40-уми АБ ИДМ роҳбарони ҳайатҳои парлумонҳои ИДМ зимни як нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи хабарнигорони дохилию хориҷии Русия аз натиҷаи ҷаласаи 40-уми АБ ИДМ гузориш дода, ба саволҳои сершумори хабарнигорон посух гуфтанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






