Анҷоми намоишгоҳи байналмилалии TOJ EXPO БАҲОР-2014
Душанбе, 07.04.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар Душанбе дуюмин намоишгоҳи байналмилалии саноатию тиҷоратии «TOJ EXPO БАҲОР-2014», ки кушодашавии расмиаш 3 апрел баргузор гардида буд, ба охир расид.
Намоишгоҳ 40 ширкати асосии сӯзишворию энергетикӣ, электротехникӣ, саноати мошинсозӣ, сохтмонӣ, алюминиро аз Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркия, Хитой, Афғонистон , Эрон , Олмон , Фаронса, Италия ва Финландия муттаҳид намуд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон суръати рушди хатҳои технологӣ ,иқтидори истеҳсолӣ ва қарори техникӣ дар энергетика, электроэнергетика, саноати кӯҳӣ, мошинсозӣ, нафту кимиё, саноати сабук ва бофандагӣ мушоҳида мешавад.
Дар ин намоишгоҳи бонуфуз ширкатҳои машҳур, ба монанди Ассотсиатсияи байналмилалии мошинҳои боркаши «АВВАТ», «ЭКО Технология», «МАНЗИЛ», КВ «Содирот», Talco Cable ҶСШП «АСР ЛИЗИНГ», «Тоҷиклимат»(ҶТ), Cosmos LLC, «Хуавэй» (ҶМЧ), «CATERPILAR», «Тсепеллин» (ҶФО), Dizayn Group, UCGE Storage Shelves, Barutchuoglu, Dizayn Group Aircon, Novawood Kaplanlar, Sogutma, Oratan (Эрон), DM Lifts, Stilla, Mobilya, Geze, Shueco, STILLA, TIKURILA, (Туркия), Гурӯҳи Ширкатҳои (Возрождение (ФР) , «Аратан» (Финляндия), СЕН-ГОБЕН, ISOVER, ИСОП (Фаронса) «DAB» ва ғайра иштирок намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






