Анри Вебер- «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд»
Душанбе, 10.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон Дидйе Леруа ва вакили Парлумони Аврупо Анри Веберро, ки бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба меҳмонон доир ба вазъи иқтисодию иҷтимоии вилоят маълумот дода, гуфт, ки вилояти Суғд бо 2,3 миллион нафар аҳолӣ дорои имкониятҳои калони иқтисодӣ мебошад ва имрӯз таваҷҷуҳи давлатҳои шарқу ғарб ҷиҳати ҳамкорӣ бо ин минтақа зиёд аст. Иқтидорҳои азими иқтисодии вилоятро соҳаи коркарди маъданҳои кӯҳӣ, нафту газ ва минералҳо ташкил медиҳанд. Дар ин ҷода аллакай бо ширкатҳои бузург аз давлатҳои Чину Амрико ва Канада ҳамкориҳо ба роҳ монда шудаанд ва бунёди коргоҳҳои дигар дар нақша ҳастанд. Тасмим гирифта шудааст, ки дар ду соли оянда ҳаҷми коркард ва истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ дар вилоят ду баробар зиёд шавад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои гуногуни ҳамкориҳои тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд. Вакили Парлумони Аврупо Анри Вебер афзуд, ки имрӯз Иттиҳоди Аврупо ба давлатҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос дорад ва шавқманди тавсеаи ҳамкориҳои судманд мебошад.
Дар ин рӯз ҳамзамон ба Анри Вебер, ки зодаи шаҳри Хуҷанд мебошад, бо қарори шаҳрдори Хуҷанд унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» дода шуд. Бояд гуфт, ки Анри Вебер соли 1944 дар шаҳри Ленинободи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таваллуд шудааст. Анри Вебер барои чунин қадршиносӣ ба роҳбарияти вилоят изҳори сипос намуд ва афзуд, ки аз ин шаҳри бостонӣ ва мардуми он ҳамеша хотираҳои нек хоҳад дошт.
Пас аз вохӯрӣ, Сафири Фавкулода ва Мухтори Фаронса дар Тоҷикистон Дидйе Леруа ва вакили Парлумони Аврупо Анри Вебер аз Боғи парчами миллӣ дидан карданд. Ҳамчунин Анри Вебер аз соҳили Сирдарё ва маҳалли Кӯдакистони президентӣ, ки ӯ дар ҳамин мавзеъ таваллуд ёфта буд, боздид ба амал овард. Меҳмонон ҳамчунин дар Қасри Арбоб бо ҳунару истеъдоди санъаткорони навраси вилоят дар як барномаи пурмуҳтавои консертӣ ошно гардиданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд






