Анвар Юнусов соҳиби медали нуқра гардид

Апрель 14, 2014 14:07

Душанбе, 14.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Муштзани номии тоҷик Анвар Юнусов дар мусобиқаи XXXI байналмилалӣ оид ба бокс, ки ба хотираи мураббии машҳур Феликс Штамм дар Варшава баргузор шуд, соҳиби медали нуқра гардид.
Анвар Юнусов дар даври нахустин бар Артур Субҳонқулов (Русия), сипас бар Де Ҷесус Ҷодисон (Бразилия) ва бар Давид Оливер Ҷоус (Ирландия) ғолиб омад ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.
Аммо дар даври финал Анвар Юнусов аз Отар Ераносяни гурҷӣ мағлуб шуд ва ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардид.
Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 98 мард ва 43 зан аз 23 кишвари олам ширкат доштанд.
 
 

Апрель 14, 2014 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд