Автодром барои литсей

Апрель 19, 2014 10:26

Шуғнон, 19.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Литсейи   касбӣ-техникии ноҳияи Шуғнон дар таъмини мутахассисиони касбҳои гуногун дар вилоят саҳм мегузорад.        Дар маросими хатми таҳсили  имсолаи   литсейи касбӣ-техникии ноҳияи  Шуғнон  184 мутахассиси ҷавон соҳиби шаҳодатнома мегардад .Фориғуттаҳасилин бозори меҳнатро бо  ихтисосҳои челонгар, устои таъмири мошин, дӯзанда, кафшергар, дуредгар, барқчӣ, ҳисобдор   таъмин месозанд. Бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари ҷавонони деҳоти  дурдасти навоҳии вилоят  ба касбомӯзӣ литсей дар ноҳияҳои Рӯшон, Роштқалъа ва Мурғоб гурӯҳҳои  амалкунанда таъсис додааст,- изҳор дошт сарустои литсей Шоғариб Шописандов.
Мудирияти литсей талош меварзад, ки ин муассиса намудҳои  ҳарчи бештари мутахасисонро барои  хоҷагии халқ тайёр намояд ва аз ин рӯ феҳрасти ихтисосҳои  литсей сол ба сол зиёд мешавад.Ҳамчунин литсей дар садади таъсиси автодром дар назди литсей мебошад. Мақомоти вилоятӣ  соли гузашта ҳудуди 8 гектар замини назди литсейро, ки тибқи лоиҳа барои автодром ҷудо шудааст, ба тавозуни литсей баргардонд, -изҳор дошт Шоғариб Шописандов 
    Дар айни ҳол дар литсей  бо назардошти гурӯҳҳои амалкунандаи ноҳияҳо  306 ҷавон  ба касбомӯзӣ машғул аст.

Апрель 19, 2014 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе