Автодром барои литсей
Шуғнон, 19.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Шуғнон дар таъмини мутахассисиони касбҳои гуногун дар вилоят саҳм мегузорад. Дар маросими хатми таҳсили имсолаи литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Шуғнон 184 мутахассиси ҷавон соҳиби шаҳодатнома мегардад .Фориғуттаҳасилин бозори меҳнатро бо ихтисосҳои челонгар, устои таъмири мошин, дӯзанда, кафшергар, дуредгар, барқчӣ, ҳисобдор таъмин месозанд. Бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари ҷавонони деҳоти дурдасти навоҳии вилоят ба касбомӯзӣ литсей дар ноҳияҳои Рӯшон, Роштқалъа ва Мурғоб гурӯҳҳои амалкунанда таъсис додааст,- изҳор дошт сарустои литсей Шоғариб Шописандов.
Мудирияти литсей талош меварзад, ки ин муассиса намудҳои ҳарчи бештари мутахасисонро барои хоҷагии халқ тайёр намояд ва аз ин рӯ феҳрасти ихтисосҳои литсей сол ба сол зиёд мешавад.Ҳамчунин литсей дар садади таъсиси автодром дар назди литсей мебошад. Мақомоти вилоятӣ соли гузашта ҳудуди 8 гектар замини назди литсейро, ки тибқи лоиҳа барои автодром ҷудо шудааст, ба тавозуни литсей баргардонд, -изҳор дошт Шоғариб Шописандов
Дар айни ҳол дар литсей бо назардошти гурӯҳҳои амалкунандаи ноҳияҳо 306 ҷавон ба касбомӯзӣ машғул аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






