Аз нав бақайдгирӣ ва бақайдгирии довталабон давом дорад

Апрель 18, 2014 08:48

Душанбе, 18.04.2014.(АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти довталабон мерасонад, ки тибқи ризоияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дархости Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин хоҳиши шаҳрвандон, дар доираи  марҳалаи аз нав бақайдгирӣ то таърихи 30 апрел бақайдгирии довталабони аз қайд нагузашта низ идома хоҳад ёфт.
Бояд гуфт, ки дар айни замон теъдоди онҳое, ки номнавис шудаанд, 49 ҳазору 958 нафарро ташкил мекунад. Инчунин тибқи маълумоти оморӣ шумораи довталабон дар кластерҳои 4 (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ва 5  (тиббӣ, биологӣ ва варзиш) нисбат ба нақшаи қабул ба маротиб зиёд мебошад. Шумораи ками довталабон ба кластери 1 (табиӣ ва техникӣ) рост меояд.
Дар ин бора Ситорабону Назарова, сухангӯи маркази мазкур хабар дод.
 

Апрель 18, 2014 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик