Ба маълумоти ронандагон

Апрель 15, 2014 11:44

Душанбе, 15.04.2014. (АМИТ «Ховар,  Лайло  Тоирӣ ). —  Раёсати  Бозрасии  давлатии   автомобилии ВКД   Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба  маълумоти  шаҳрвандон  мерасонад, ки   барои  таъмини  амнияти  ҷамъиятӣ  дар  роҳҳо  ҳангоми  сафари  кории  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  шаҳри  Ваҳдат  15  апрели  соли  ҷорӣ  аз  соати  06 ва 30  дақиқаи  субҳ  ҳаракати  васоити  нақлиётӣ   дар  хиёбони  Рӯдакӣ  аз  майдони  Озодӣ  то  кӯчаи  С.Айнӣ  муваққатан  маҳдуд  шудааст. 
Дар  шаҳри  Ваҳдат  аз  соати 06 ва  30  дақиқа  то  соати  15-00  рӯз  ҳаракати   васоити  нақлиётӣ  дар  кӯчаҳои Рӯдакӣ,  Фирдавсӣ,  як  қисми  роҳи  мошингарди Душанбе —  Ваҳдат —  Кӯлоб  то  гардиши  деҳаи  Гургхӯрда,   роҳи  мошингарди  Ваҳдат,  Шӯри  Поён —   Ваҳдат ,  Шӯри  Боло — Ваҳдат ва   Ваҳдат – Рӯдакӣ  муваққатан  маҳдуд  шудааст. 
Раёсати Бозрасии  давлатии   автомобилии  ВКД  ҶТ  аз  сокинони   шаҳри  Душанбе,  минтақаи  Кӯлоб  ва  Рашт  минтақаҳои   Файзободу  Роғун   хоҳиш  мекунад, ки  аз  соати 06-00   субҳ  то  соати  15- 00  рӯз  ҳаракатро  дар  самти  шаҳри  Ваҳдат  маҳдуд  созанд.
 
 

Апрель 15, 2014 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик