Ба маълумоти ронандагон
Душанбе, 15.04.2014. (АМИТ «Ховар, Лайло Тоирӣ ). — Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки барои таъмини амнияти ҷамъиятӣ дар роҳҳо ҳангоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Ваҳдат 15 апрели соли ҷорӣ аз соати 06 ва 30 дақиқаи субҳ ҳаракати васоити нақлиётӣ дар хиёбони Рӯдакӣ аз майдони Озодӣ то кӯчаи С.Айнӣ муваққатан маҳдуд шудааст.
Дар шаҳри Ваҳдат аз соати 06 ва 30 дақиқа то соати 15-00 рӯз ҳаракати васоити нақлиётӣ дар кӯчаҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, як қисми роҳи мошингарди Душанбе — Ваҳдат — Кӯлоб то гардиши деҳаи Гургхӯрда, роҳи мошингарди Ваҳдат, Шӯри Поён — Ваҳдат , Шӯри Боло — Ваҳдат ва Ваҳдат – Рӯдакӣ муваққатан маҳдуд шудааст.
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ аз сокинони шаҳри Душанбе, минтақаи Кӯлоб ва Рашт минтақаҳои Файзободу Роғун хоҳиш мекунад, ки аз соати 06-00 субҳ то соати 15- 00 рӯз ҳаракатро дар самти шаҳри Ваҳдат маҳдуд созанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






