Ба омӯзгорони ҷавон замин медиҳанд

Апрель 12, 2014 10:46

Душанбе, 12.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода). — Дирӯз дар  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти хатмкунандагони риштаи омӯзгории ин тадрисгоҳ, ки аз ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳсил менамоянд бо раиси ин ноҳия Сангинмурод Ҳакимзода баргузор гашт.
Муовини ректори Донишгоҳ оид ба корҳои таълим Абдулфаттоҳ Раҳимов зикр намуд, ки дар шуъбаи рӯзонаи факултетҳои мухталифи Донишгоҳ 551 нафар донишҷӯён аз ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳсил мекунанд. Дар шӯъбаи ғоибона бошад 425 нафар ба таълим фаро гирифта шудаанд. Яъне, дар маҷмӯъ имрӯз аз ноҳияи Ҷаббор Расулов 976 нафар донишҷӯён ба илмомӯзӣмашғуланд. Ҷоиз ба таъкидаст, ки тибқи квотаи президентӣ45 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд. Аз миқдори умумии донишҷӯён, 29 нафар дар хобгоҳҳои Донишгоҳ бо шароити хуби иҷтимоӣзиндагӣкарда истодаанд. Соли равон 75 нафар донишҷӯёни ин ноҳия, тариқи буҷавӣриштаи омӯзгориро хатм менамоянд. Гузашта аз ин, ягона факултети таҳсилоти ғоибонаи Донишгоҳ, берун аз шаҳри Хуҷанд, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов фаъолият дорад, ки саҳмаш дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос муассир аст.
Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Сангинмурод Ҳакимзода баромад карда, аз ҷумла қайд намуд, ки дар 41 макотиб ва 19 кӯдакистони ноҳи норасоии кадрҳо ба мушоҳида мерасад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои мустаҳкам намудаи базаи моддиву техникии мактабҳо кӯшиш намуда истодааст. Соли равон дар масоҳати 5 гектар, ки барои бунёди шаҳраки омӯзгорон ҷудо шудааст, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣба мутахассисони ҷавон ҷудо карда мешавад. Барои мактабҳои заминҳои ёрирасони хоҷагӣ дода мешавад.
Донишҷӯён доир ба норасоии компутерҳо, китобҳо, кабинети фаннӣдар макотиби ноҳия ва ғайра мушкилоти хешро иброз намуданд.
Дар охир ба 74 нафар донишҷӯён кӯмаки молӣрасонидашуд.
 

Апрель 12, 2014 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд